Март 31, 2022 16:07 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори ҲАМОС ба тааррузи режими саҳюнистӣ ба Масҷидулақсо
    Ҳушдори ҲАМОС ба тааррузи режими саҳюнистӣ ба Масҷидулақсо

Ҷумбиши ҲАМОС ба узви тундрави Кнессети режими саҳюнистӣ ҳушдор дод, ки тавҳину дастдарозӣ ба Масҷидулақсо паёмади дардноке дар пай хоҳад дошт.

Масҷидулақсо ба унвони намоди аслии ҳувияти исломӣ - фаластинии шаҳри Байтулмуқаддас, ҳамвора ҳадафи иқдомоти вайронгаронаи режими ишғолгари Қудс қарор доштааст.

Ба навиштаи рӯзи панҷшанбеи рӯзномаи “Ҳааретс”, Фавзи Барҳум, сухангӯи Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) бо ҳушдор ба Итмор бин Ғуфайр, узви тундрави Кнессети режими саҳюнистӣ, ба далели таарруз ба Масҷидулақсо, низомиёни ин режимро масъули паёмадҳову авоқиби ин иқдоми таҳрикомез донист.

Барҳум гуфт, полиси режими саҳюнистӣ ба Итмор бин Ғуфайр иҷозаи таарруз ба Масҷидулақсоро додааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп