Ноябр 23, 2016 18:25 Asia/Dushanbe
  • Қурбонӣ шудани ғайринизомён дар ҳамлаҳои мутаҷовизони Саудӣ дар Яман

12 ғайринизомӣ дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои мутаҷовизи режими Саудӣ ба вилояти Ҳаҷҷа дар шимолу ғарби Яман шаҳид шуданд.

Ба гузориш Хабаргузории садо ва симои Эрон, ҳавопаймоҳои ҷангии режими Саудӣ рӯзи чаҳоршанбе як мошини ғайрнизомёни яманиро дар вилояти Ҳаҷҷа ҳадаф қарор доданд.

 Ғайринизомёни яманӣ озими яке аз бозорҳои минтақаи Ҳайрон дар вилояти Ҳаҷҷа буданд, ки  дар тасарруфи гурӯҳи Ансоруллоҳ аст, ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд ва 12 тан ба шаҳодат расиданд.

 Ҳавопаймоҳои ҷангии мутаҷовизони саудӣ-амрикоӣ ҳамчунин шаҳристони Ҳаразро дар Ҳаҷҷа ва минтақаи Маллоҳа дар ал-Ҷуфи Яманро бомбаборон карданд.

 Аз сӯи дигар низомёни яманӣ дар посух ба ҷиноёти Арабистон алайҳи мардуми он кишвар, бо ҳадаф қарор додани маркази низомие дар минтақаи Асири Арабистон, илова бар ҳалокати чаҳор низомии саудӣ, як мошини ононро низ ба оташ кашиданд.

 Ҳамчунин дар идомаи даргириҳо дар минтақа соҳилии Мидӣ ва атрофи он, талоши муздурони Саудӣ барои нуфуз ба ин минтақа бо шикаст рӯбарӯ шудааст.

 

Барчасп