Вокуниши Ҳамос ба иқдоми зиддифаластинии Туркия ва Баҳрайн
Сухангуи Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) маҳкӯмияти амалиёти муқовиматии Тел Авив аз сӯи Туркия Баҳрайнро тақбеҳ кард.
Ҳозим Қосим, сухангӯи Ҳамос бо маҳкӯм кардани иқдоми сафорати Туркия дар сарзаминҳои ишғолӣ ва вазорати хориҷаи Баҳрайн дар бораи амалиётҳои муқовиматии фаластиниён гуфт, муқовимати миллати Фаластин барои дифо аз хештан муқаддасот аст.
Қосим бо баёни инки сиёсати таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин ва муқаддасоти онҳо яке аз шаклҳои терроризм ва нажодпарастӣ дар ҷаҳон аст, афзуд, муқовимат дар баробари терроризми режими саҳюнистӣ, ҳаққи ба расмияти шинохта шуда бар асоси қавонини байналмилалӣ аст.
Низомиёни режими саҳюнистӣ ҳар рӯз ба баҳонаҳои мухталиф бо ҳамла ба мардуми мазлӯми Фаластин, ононро ба шаҳодат расонда ва ё маҷрӯҳ ва боздошт мекунанд, фаластиниён низ дар посух ба ин ҷиноёт, амалиёти зиддисаҳюнистӣ анҷом медиҳанд.