Эътирофи дерҳангоми маҳофили ғарбӣ ба истифодаи ДИИШ аз силоҳҳои шимиёӣ
(last modified Thu, 24 Nov 2016 12:52:21 GMT )
Ноябр 24, 2016 17:52 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи дерҳангоми маҳофили ғарбӣ ба истифодаи ДИИШ аз силоҳҳои шимиёӣ

Маркази амрикоии мутолеот дар бораи террористҳои ДИИШ, мавсӯм ба "IHS" эълом кард, афроди ДИИШ аз соли 2014 беш аз 71 бор аз силоҳи шимиёӣ дар Ироқу Сурия истифода кардаанд.

Дар гузориши маркази "IHS" омадааст, афроди ДИИШ дастикам 52 бор дар Ироқу Сурия аз силоҳи шимиёӣ истифода кардаанду афзун бар ин, 19 мавриди истифода аз силоҳи шимиёӣ низ дар атрофи шаҳри Мусили Ироқ сабт шудааст. Интишори гузориши маҳофили ғарбӣ, ба вижа амрикоӣ дар мавриди истифодаи ДИИШ аз силоҳҳои шимиёӣ аз соли 2014 баёнгари он аст, ки ин маҳофилу давлатҳояшон аз ҳамалоту ҷиноятҳои густардаи террористҳо итилоъ доштаанду бо сукути худва таҷҳиз кардан ин террористҳо ба силоҳҳои шимиёӣ, заминаи идома ёфтани ҷиноятҳои онҳоро фароҳам кардаанд. Дар ин муддат маҳофили ғарбӣ бо сукути худ саъй доштанд бар ҷиноёти ДИИШ аз истифодаи онҳо аз таслеҳоти шимиёӣ сарпӯш бигузоранду замоне ба интишори гузоришҳо дар ин замина пардохтанд, ки бо ифшогариҳои маҳофили расонаиву сиёсӣ, дигар имкони идомаи пинҳон кардани ҷиноёти шимиёии ДИИШ вуҷуд надошт.

Ҳадафи гурӯҳи террористии ДИИШ аз истифодаи густарда аз силоҳи шимиёӣ ҷилавгирӣ аз шикасти комил ва низ эҷоди тарсу ваҳшати бештар дар миёни шаҳрвандони суриву ироқӣ аст то онҳоро ба таслим дар баробари худ водор кунад. Маҳофили ҳуқуқӣ бо интиқод аз мухолифони мусаллаҳи фаъол дар Сурияу Ироқ таъкид доранд, ки ин гурӯҳҳо барои иртикоби ҷиноёти ҷангӣ аз озодии комил бархурдоранду аз ҳар гуна пайгарде дар амон ҳастанд .

 Нуктаи қобили тааммул он ки террористҳо бо ҳадафи мунҳариф кардани афкори умумӣ аз ҷиноятҳое чун истифода аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ дар Сурия, бо ҳимояти кишварҳои ғарбиву ҳампаймонони арабии худ дар сададанд ин ҷиноятҳои зиддибашариро ба давлати Димишқ нисбат диҳанд. Давлати Сурия дар ҳоле ҳадафи тавтеаи Ғарб дар заминаи нақзи ҳуқуқи башар қарор мегирад, ки дар чорчӯби қатъномаи 2118 -и Шӯрои амният ( 27 сентябри 2013), маводи шимиёии Сурия ба Созмони манъи таслеҳоти шимиёӣ таҳвил дода шудаву бино ба таъйиди ҷомеаи ҳуқуқии байналмилалӣ, Димишқ дар ин замина ҳамкории созанда доштааст .

 Бо истифодаи паёпайи ДИИШ ва гурӯҳҳои дигари террористӣ аз маводи шимиёӣ дар амалиёти ҷангӣ, хатари терроризми шимиёӣ бисёр ҷиддӣ шудаву абъоде фаромиллӣ ёфтааст, аммо Ғарб дар тамоми ин муддат сукут ихтиёр кард. Бетардид, мубориза бо чунин мушкиле бояд дар қолаби як паймони ҷаҳонӣ анҷом гираду ҳар гуна кашолкорӣ дар ин замина муҷиб мешавад, ки табаоти он танҳо ба Сурияву Ироқ маҳдуд намондаву ҷанбаи байналмилалӣ ёбад. Ҳамчунин хатарҳои терроризми шимиёии он домангири ҳомиёни террористҳо низ хоҳад шуд ва ин мавзӯъ нигаронии афкори умумии Ғарбро дар пай доштааст. Замзамаҳои маҳофили ғарбӣ дар бораи истифодаи ДИИШ аз силоҳҳои шимиёӣ дар ин мақтаи замонӣ дар ин чорчӯб низ қобили арзёбӣ аст.