Апрел 15, 2022 18:45 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Ҳания ба даргириҳо дар Масҷидулақсо

Раиси дафтари сиёсии ҷумбиш ҲАМОС гуфт, танҳо гузина дар баробари ёғигарии саҳюнистҳо, тасбити исломӣ будани Қудс ва Масҷидулақсо аст.

Исмоил Ҳания дар вокуниш ба таҳаввулоти ахир дар Қудс ва Масҷидулақсо гуфт, дар баробари ёғигарии саҳюнистҳо ва юриш ба Масҷидулақсо танҳо ду гузина вуҷуд дорад: Ё ишғолгарӣ, ситамгарӣ ва қурбонӣ кардан дар Масҷидулақсо ё нигаҳбонӣ ва тасбити исломӣ будани Қудс ва Масҷидулақсо.

Ҳания идома дод: Ин мо миллати Фаластин ва уммати исломӣ ҳастем, ки тасмим мегирем ва тасмими мо ин аст, ки ба ҳар баҳо ки шуда, аз Масҷидулақсои шариф дифоъ ва муҳофизат кунем.

Ӯ гуфт, муҳоҷимон дар Қудс ва Масҷидулақсо ҷое надоранд ва ҳар чӣ қадар ҳам тӯл бикашад, мо дар набарди иродаву ҳувият пирӯз хоҳем шуд.

Ҷумбиши ҲАМОС ва Ҷиҳоди исломии Фаластин низ дар бораи паёмадҳои хатарноки ҳамалоти мудовими саҳюнистҳо ба Масҷидулақсо ҳушдор дода буданд.