Апрел 20, 2022 10:24 Asia/Dushanbe
  • Тахриби ҳудуди 40 масҷиди шиаён тавассути муздурони Оли Халифа

Режими Оли Халифа дар Баҳрайн дар пайи инқилоби мардуми ин кишвар дар соли 2011 мелодӣ ҳудуди 40 масҷиди мутааллиқ ба шиаёнро дар ин кишвар вайрон кардааст.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи шабакаи телевизионии “LuaLua”, режими Баҳрайн аз соли 2011 мелодӣ дар ростои саркӯби қиёми мардуми Баҳрайн 38 масҷиди мутааллиқ ба шиаёнро дар ин кишвар вайрон кардааст, то ҷое ки ин режим ба ҳукумати вайронкунандаи масҷидҳо машҳур шудааст.

Дар ин гузориш омадааст, масҷиди шайх Амир Муҳаммад Албариғӣ аз ҷумлаи ин масоҷид аст, ки беш аз 450 сол қидмат доштааст.

Бар асоси ин гузориш, Муҳаммад Шариф, раиси Кумитаи ҳақиқатёби баҳрайнӣ низ дар бораи ҷиноёти режими Оли Халифа ба ин мавзуъ эътироф кардааст.