Ҳамлаи мушакӣ ва тубхонаии Эътилофи Саъудӣ ба Маъриби Яман
-
Эътилофи мутаҷовиз тайи 24 соати гузашта 92 бор оташбаси инсонӣ ва низомӣ дар Яманро нақз кард
Манобеи низомӣ аз аз ҳамлаи мушакӣ ва тубхонаии Саъудӣ ба мавозеъи артиши Яман ва кумитаҳои мардуми дар устони Маъриб хабар доданд.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии Алмасира Эътилофи Саъудӣ шанбешаб бори дигар бо нақзи оташбаси мувақати думоҳа дар Яман, мавозеъи артиши ин кишвар ва кумитаҳои мардумиро дар Балақи шарқии устони Маъриб ҳадафи ҳамалоти мушакӣ ва тупхонаӣ қарор дод.
- Эътилофи мутаҷовиз ҳамчунин мавозеи артиши Яман ва кумитаҳои мардумиро дар манотиқи Алмалоҳиз ва Алмадофан дар Саъдаро гулула борон кард.
Як манбаъи низомии Яман эълом кард, Эътилофи мутаҷовиз тайи 24 соати гузашта 92 бор оташбаси инсонӣ ва низомӣ дар Яманро нақз кард.
Бинобар эъломи Созмони Миллали Муттаҳид, Яман дучори бадтарин бӯҳрони инсонӣ дар ҷаҳон аст. Ҳамакнӯн 80 дарсад аз ҷамъияти 29 миллион нафарии Яман барои идомаи зиндагӣ ба кумак ниёз доранд.
Беҳтар бихонед:
- Идомаи тақзи оташбас дар Яман аз сӯйи Эътилофи Саъӯди
-
Эътилофи саъудӣ аз амалиёти паҳподии неруҳои яманӣ хабар дод
-
Поймолсозии оташбас дар Алҳудайда тавассути ҷангандаҳои эътилофи саъӯдӣ