Июл 26, 2016 19:57 Asia/Dushanbe
  • Пешравии артиши Сурия дар Ҳалаб ва нигаронии ҳомиёни террористҳо

Ҳамзамон бо пешравии артиш ва нерӯҳои мардумии Сурия дар ҷибҳаи шимоли Ҳалаб, Созмони милали муттаҳид хостори таваққуфи 48 соатаи ҷанг дар ҳар ҳафта дар Сурия ба баҳонаи таҳвили кумакҳои ғизоӣ ба мардуми шаҳри Ҳалаб шуд.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии Алъаҳди Лубнон, артиш ва нерӯҳои мардумии Сурия дар идомаи даргириҳо дар ҷибҳаи шимоли Ҳалаб муваффақ шуданд, бар меҳвари роҳбурдии Костелло тасаллут ёфта ва роҳи убури террористҳо аз ин ҷоддаро қатъ кунанд.

Бо тасаллути артиши Сурия бар ҷоддаи роҳбурдии Костелло дар ҳумаи шимолии Ҳалаб шарёни аслии иртиботи террористҳо бо марзҳои Туркия баста мешавад ва террористҳо дар Ҳалаб муҳосира хоҳанд шуд.

Артиш ва нерӯҳои мардумии Сурия дар меҳвари Аллейрамун низ бо террористҳо ба шиддат даргир шуданд ва тавонистанд майдони Аллейрамун дар шимоли ғарби Ҳалабро ба контроли худ дароварда, ба вурудии шимолии шаҳри Ҳалаб бирасанд.

Аммо ҳамзамон бо муҳосираи гурӯҳҳоитеррористӣ дар шарқи Ҳалаб, ки имкони озодии ин шаҳрро барои нерӯҳои сурӣ фароҳам мекунад, Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид дар нишаст дишаби худ хостори таваққуфи 48 соатаи ҷанг дар ҳар ҳафта дар Сурия ба баҳонаи таҳвили кумакҳои ғизоӣ ба мардуми шарқи Ҳалаб шуд.

Таҷрубаи панҷ соли гузашта нишон медиҳад, ҳар гоҳ террористҳо дар Сурия дар муҳосира қарор мегиранд, пуштибонони онҳо дар Созмони милали муттаҳид ба баҳонаи кумакрасонӣ ба ғайринизомиён оташбас барқарор мекунанд, то имкони таҷдиди қуво барои террористҳо фароҳам шавад .

Барчасп