Кушта шудани 16 саҳюнистӣ дар амалётҳои чанд ҳафтаи ахир
(last modified Sun, 01 May 2022 07:19:02 GMT )
Май 01, 2022 12:19 Asia/Dushanbe
  • 16  Исроил дар паи ҳамалот бо силоҳи сард ва тирандозӣ аз ибтидои моҳи март кушта шудаанд
    16 Исроил дар паи ҳамалот бо силоҳи сард ва тирандозӣ аз ибтидои моҳи март кушта шудаанд

Шабакаи Алҷазира гузоришдод, ки 16 ишғолгарӣ саҳюнистӣ дар ҳамалот бо силоҳи сард ва тирандозӣ аз ибтидои моҳи март кушта шуданд.

Низомиёни режими саҳюнистӣ ҳар рӯз ба баҳонаҳои мухталиф бо ҳамла ба мардуми мазлуми Фаластин ононро ба шаҳодат расонда ва ё маҷрӯҳ ва боздошт мекунанд. Фаластиниён низ дар посӯх  ба ин ҷиноёт амалёти зидди саҳюнистӣ анҷом медиҳанд.

  • Ба гузориши Садои Хуросон, расонаҳои режими муваққати саҳюнистӣ оморе аз исроилиҳои ба ҳалокат расида дар амалётҳои шаҳодат талабонаи чан ҳафтаи ахир мунташир кард.

Торнамои  "Таймз Исроил" дар хабаре навишт: танишҳои байни Исроил ва фаластиниҳо дар ҳафтаҳои ахир дар паи ҳамалоти мукаррар дар шаҳрҳои Исроил, ки 15 кушта барҷой гузошт ба шиддад афзоиш ёфтааст.

Шабакаи Алҷазира низ ба нақл аз радио ва телевизиони режими кӯдаккуши саҳюнистӣ гузориш дод: 16  Исроил дар паи ҳамалот бо силоҳи сард ва тирандозӣ аз ибтидои моҳи март кушта шудаанд.

Ҳамзамон полиси муваққати режими саюнистӣ низ дар баёнияе иддао кард, ки яке аз аъробӣ сокини Фаластини ишғолӣ, ки як василаи нақлияро сирқат карда буд, афсареро зер гирифта ва ҳамакнӯн ҳоли ӯ вахим аст.

 

Бештар бихонед: