Солрӯзи тахриби қубури аиммаи атҳор (а) дар Бақеъи Арабистон
Имрӯз (сешанбе) ҳаштуми шаволи 1443 ҳиҷрии қамарӣ мусодиф бо 10 майи 2022 милодӣ, солрӯзи тахриби қабристони Бақеъ дар Мадинаи Арабистон ба дасти ваҳобёни Оли Сауд аст.
Ваҳобиён дар ҳаштуми шаволи 1344 ҳиҷрии қамарӣ (21 апрели 1926) бар хилофи дастӯроти Қуръон ва суннати Паёмбари ислом (с) ва бо бардошти ғалат аз дин, музҷаъи шариф ва ҳарами нуронии имом Ҳасан (а), имом Саҷҷод (а), имом Муҳаммадбоқир (а), имом Ҷаъфари Содиқ (а) чаҳор саҳобаи бузургвори Паёмбари ислом(с)-ро дар Бақеъ вайрон карданд.
Бақеъ аввалин мазоре аст, ки ба дастури Расули Акрам (с) тавассути мусулмонони садри ислом эҷод шуд.
То пеш аз тахриби Бақеъ тавассути ваҳобиён бар рӯи мақбараи пешвоён ва соири бузургони ислом, ки дар Мадинаи Арабистон мадфӯн буданд, гунбадҳо ва биноҳое қарор дошт, аммо ваҳобиён ин осорро ҳам аз байн бурданд.
Тахриби осори исломӣ тавтеъае аст, ки душманону истиъморгарон барои маҳви мустанадоту шавоҳиди айнии таърихи ислом тарроҳӣ ва иҷро мекунанд.
Яке аз офоти бузург ва хатарноки мазоҳиб ва ойинҳо, каҷфаҳмиҳо, тундравиҳо ва бардоштҳои иштибоҳ ва инҳирофӣ ва ба истилоҳ қироатҳои худсохта аз дин аст, ки дар мақотеъи мухталиф миёни пайравони ҳамон мазоҳиб ба вуҷӯди омада ва мӯҷиби тазъифу тафриқа дар он мазҳаб шудааст.