Захмӣ шудани беш аз 110 фаластинӣ ба дасти ишғолгарони саҳюнист
(last modified Tue, 10 May 2022 12:20:55 GMT )
Май 10, 2022 17:20 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани беш аз 110 фаластинӣ ба дасти ишғолгарони саҳюнист
    Захмӣ шудани беш аз 110 фаластинӣ ба дасти ишғолгарони саҳюнист

Ишғолгарони саҳюнист бо ҳамла ба минтақаҳои мухталифи Каронаи Бохтарӣ руди Урдун, беш аз 110 фаластиниро маҷруҳ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон шаҳрҳои Каронаи Бохтарӣ аз оғози моҳи мубораки Рамазон то кунун шоҳиди ташдиди таҷовузоти режими саҳюнистӣ аст, ки бар асари он теъдоди аз шаҳрвандони фаластинӣ ба зарби гулулаи низомии саҳюнист ба шаҳодат расид ва ё захми шуданд.

Ҳилоли аҳмари Фаластин дар гузорише эълом кард, дар даргириҳои шарқи Набулс беш аз 20 фаластинӣ захми шуданд, ки теъдоди аз онҳо барои дармон ба бемористон мунтақил шуданд.

Бар асоси ин гузориш ҳамчунин дар даргириҳои шаҳраки Аззун дар шарқи Қалқалия 92 фаластинӣ захми шуданд.

Ин ҳамалот дар ҳоле аст, ки гуруҳҳои муқовимати Фаластин ба Телавив дар бораи ташдиди иқдомоти саркубгарона зидди фаластиниён дар Каронаи Бохтарӣ ҳушдор доданд.

 

Бештар бихонед: