Муздурони африқоӣ дар хидмати Оли Сауд
(last modified Sat, 26 Nov 2016 13:35:20 GMT )
Ноябр 26, 2016 18:35 Asia/Dushanbe
  • Муздурони африқоӣ дар хидмати Оли Сауд

Як фармондеҳи кумитаҳои инқилобии Яман гуфт, размндагони яманӣ дар идомаи пешравиҳои худ барои такмили муҳосираи шаҳри Наҷрон, муваффақ шуданд ба қисми низомии «Абдулазиз» юриш бурда ва ҳашт нафар аз муздурони Оли Саудро ба ҳалокат бирасонанд.

Алӣ ал Ҳамзонӣ аз фармондеҳони кумитаҳои инқилобии Яман изҳор дошт, неруҳои вижаи яманӣ шурӯъ ба пешравӣ дар манотиқи маскунии ҷануби шаҳри Наҷрон кардаанд.

Вай гуфт, Оли Сауд муздуроне аз кишварҳои африқоиро барои набардҳо дар дохили умқи хоки Арабистон ба хидмат гирифтааст.

Алӣ ал Ҳамзонӣ, афзуд, дар пайи шикасти ҳамаи талошҳои Арабистон барои таваққуфи талафоти ҷонӣ ва таҷҳизотии худ, кумакҳои пуштибонӣ шомили садҳо муздур ва аносури гурӯҳҳои террористи ДИИШ ва Алқоидаро ба хидмат гирифта ва ба манотиқе дар Наҷрон ва Ҷизон эъзом кард, то ба ҷои артиши Саудӣ ба муқобила бо размндагони яманӣ бираванд.

Дар Наҷрон неруҳои артиш ва кумитаҳои яманӣ ҳафтаи гузашта муваффақ шуданд, сайти Шатиб аз ҷумла пойгоҳҳои Алшабака, ки аз шимоли Мушриф ба шаҳри Наҷрон ҳастанд таҳти сайтараи худ бигиранд.

Расонаҳои ҷанги Яман, тасовири амалиёти низомии артиш Яманро, ки бо сайтараи комили он бар мавзеи роҳбурдии Шатиб мунҷар шуд, мунташир карданд, ки дар он даҳҳо нафар аз низомёни захмӣ ё кушта рӯи замин афтода ва даҳҳо низомии дигарро дар ҳоли фирор нишон медиҳад.

Ҳамалоти размандагони яманӣ ба пойгоҳҳои Саудӣ, дар ростои нақшаи роҳбурдӣ барои муҳосираи шаҳри Наҷрон аст, ки дар натиҷаи он чандин мавзеи низоми саудиҳо пас аз даргириҳои шадид суқут карда ва неруҳои яманӣ тавонистанд худро ба минтақаи Сақом охирин ҳадди фосилаи худ то шаҳри Наҷрон бирасонанд.