Май 18, 2022 11:01 Asia/Dushanbe
  • Нақзи муҷаддади оташбаси Яман аз сӯи мутаҷовизон

Эътилофи саудӣ оташбас дар Яманро дубора нақз кард.

Ба гузориши “Алмасира”, эътилофи мутаҷовизи саудӣ тайи шабонарӯзи гузашта 121 мавриди нақзи оташбас муртакиб шудааст.

Ин эътилоф ба пойгоҳҳои артишу кумитаҳои мардумӣ ҳамла кард.

Пеш аз ин Муҳаммад Абдуссалом, раиси ҳайати музокиракунандаи давлати наҷоти миллии Яман гуфта буд, мутаҷовизони саудӣ бар идомаи нақзи оташбас дар Яман пофишорӣ мекунанд ва боз нашудани фурудгоҳи Санъо ва низ мамониат аз вуруди киштиҳои ҳомили сӯхту маводи ғизоӣ ба Алҳудайда низ аз масодиқи боризи дигари нақзи оташбас тавассути саудиҳо аст.

Оташбас асосан барои мавзуоти башардӯстона барқарор шуд, аммо Арабистони Саудӣ дар ҳамаи масоил монеътарошӣ карда ва аз ба самар нишастани талошҳои байналмилаливу минтақаӣ ҷилавгирӣ мекунад.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Неруҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар солҳои ахир зимни дифоъ аз мардуми ин кишвар, тавонистаанд заработи сангине ба эътилофи мутаҷовизи саудӣ ворид кунанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп