Даступочагии саҳюнистҳо аз тарси паҳподҳои Ҳизбуллоҳ
(last modified Thu, 19 May 2022 11:06:31 GMT )
Май 19, 2022 16:06 Asia/Dushanbe
  • Даступочагии саҳюнистҳо аз тарси паҳподҳои Ҳизбуллоҳ

Расонаҳои саҳюнистӣ аз ба садо даромадани ожирҳои ҳушдор ва шунида шудани садои инфиҷор дар марзҳои Фаластини ишғолӣ бо Лубнон хабар доданд .

Сомонаи « Гунбади оҳанин »и режими саҳюнистӣ ба унвони ифтихори саноъати дифоии ин режим аларағми ҳазинаҳои фаровон бо чолишҳои асосӣ дар раҳгирии мӯшакҳои муқовимат мувоҷеҳ шудааст ; чолишҳое ки худи саҳюнистҳо низ ба он муътарифанд ва то кунун роҳи ҳали мушаххасе барои он наёфтаанд .
Ба гузориши хабаргузории Форс, режими саҳюнистӣ имрӯз панҷшанбе бо фаъол кардани Гунбади оҳанин муддаии сарнагунии паҳподи Ҳизбуллоҳ шуд, аммо дақоиқе баъд режими саҳюнистӣ эътироф кард, ки дар ин ташхис иштибоҳ карда ва ожирҳои ҳушдор ҳам ба иштибоҳ ба садо даромадааст .

Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ иддао кард: Ҳеҷ шайъи паррандае аз Лубнон вориди ҳарими ҳавои ин режим нашудаву фаъол кардани Гунбади оҳанин дар натиҷаи як иштибоҳ дар ташхис будааст.
Канали 13 телевизиони режими саҳюнистӣ ҳам эълом кард: Артиши ин режим ба самти паҳподи худӣ шиллек кардааст.
Ду рӯз пеш низ артиши режими саҳюнистӣ муддаӣ шуд,ки падофанди ҳавоии ин режим як паҳподи ҷумбиши Ҳизбуллоҳи Лубнонро дар марзҳои шимолӣ сарнагун кардааст.

Режими саҳюнистӣ аз ду даҳа пеш сомонаҳои дифоиро бо ҳазинаҳои сангин таъриф кардаву муддаӣ буд, ки ин сомонаҳо амнияти ин режимро тазмин мекунад .
Дар солҳои ахир алорағми тавони низомии режими саҳюнистӣ дар ҳавзаҳои мушакӣ, ҳастаӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ пристижи низомии ин режим бо исобати ракетҳои кӯтоҳбурди неруҳои муқовимат ба шаҳракҳои саҳюнистӣ аз байн рафтааст.