Мӯшакҳои ҳомили ғизо; ибтикори яманиҳо барои кӯмакрасонӣ+ видео
Яманиҳо барои кумакрасонӣ ба мардуми муҳосира шуда дар Ad Durayhimi ва устони Ал Ҳудайда даст ба ибтикори ҷадиде задаанд.
Шаҳри Ad Durayhimi ва устони Ал Ҳудайда дар соҳили ғарбии Яман бахше аз тавофуқи оташбасе аст, ки декабри 2018 миёни ҳайате аз Санъо ва ҳайате аз давлати мустаъфии Мансур Ҳодӣ дар Женева ба даст омад, аммо неруҳои Эътилофи саудӣ садҳо бор ин тавофуқро нақз кардаанд.
Ба гузориши Ал Олам ал Ҳарбӣ ал Яманӣ, артишу кумитаҳои мардумии Яман барои расондани маводи ғизоӣ ба мардуми муҳосира шуда дар шаҳристони Ad Durayhimi ба ибтикори ҷадиде рӯй овардаанд. Онҳо мӯшакҳоро бо гӯшт ва анвоъи маводи ғизоии зарурӣ пур ва ба самти Ad Durayhimi шиллик мекунанд.
Рӯзона ҳашт то даҳ мӯшаки пур аз ғизо шиллик мешавад ва токунӯн ду ҳазору 500 мӯшаки ҳомили ғизо ба самти ин шаҳри муҳосира шуда шиллик шудааст.
Бештар бихонед:
- Ҳамлаи Эътилофи саудӣ ба як маркази гумрукии ҳовии дору ва ғизо дар маркази Яман
- Ҳушдори Барномаи ҷаҳонии ғизо дар бораи вахомати авзои инсонӣ дар Яман + видео