Июн 01, 2022 09:37 Asia/Dushanbe
  • Эътилофи саудӣ беш аз 100 мартаба оташбас дар Яманро нақз кард

Эътилофи мутаҷовизи саудӣ ва муздуронаш саду ёздаҳ мартаба оташбас дар устонҳои мухталифи Яманро нақз карданд.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи хабаргузории “Сабо”, як манбаи низомӣ аз 57 парвози паҳподӣ ва ҷосусии Эътилофи саудӣ дар осмони устонҳои Маъриб, Таиз, Ҳаҷҷа, Алҷуф, Саъда, Албайзо ва ҷабҳаҳои марзӣ ба унвони бахше аз ин мавориди нақзи оташбас хабар дод.

Ин манбаъ афзуд, муздурони саудӣ даст ба эҷоди истеҳкомоти размии атрофи шаҳри Маъриб заданд.

Бар асоси ин гузориш, муздурони саудӣ тайи 11 навбат мавозеи неруҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яманро дар устони Маъриб, дар устони Ҳаҷва ва дар устони Саъдаро ҳадафи бомбаборони тӯпхонаӣ қарор доданд.

Ба гуфтаи манобеи яманӣ, муздурони саудӣ мавозеи неруҳои артишу кумитаҳои мардумии Яманро низ дар Ҷизон ҳадафи бомбаборони тӯпхонаӣ қарор доданд.

Ин манобеъ ҳамчунин аз 42 мавриди тирандозӣ ба самти манозили шаҳрвандон ва мавозеи неруҳои артишу кумитаҳои мардумӣ дар устонҳои Маъриб, Таиз, Ҳаҷҷа, Саъда ва ҷабҳаҳои марзӣ хабар доданд.