Ноябр 28, 2016 17:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори ФАО дар бораи камғизоӣ дар Яман

Созмони озуқавории ҷаҳонӣ (ФАО) ҳушдор дод, беш аз як миллиону пансад ҳазор кӯдак дар Яман бо камғизоӣ рӯбарӯ ҳастанд, ки ҳоли беш аз се якҳисаи онҳо вахим аст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ФАО дар бораи камғизоии шадид дар Яман, аз ҷумла дар устони Alhodaide ин кишвар ҳушдор дод.

Беш аз сесад ҳазор кӯдаки яманӣ ба иллати камғизоии вахим бо марг дасту панҷа нарм мекунанд, ки сад ҳазор нафари онҳо аз аҳолии устони Alhodaide ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки нерӯҳои эътилофи Саудӣ, Alhodaide дар Яманро муҳосира кардаанд.

Созмони озуқавории ҷаҳонӣ (ФАО) шумори афродеро, ки бо хатари камғизоӣ дар Яман рӯбарӯ ҳастанд, чаҳордаҳ миллион нафар эълом кард.