Июн 04, 2022 17:52 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими солрӯзи иртиҳоли Имом Хумайнӣ(р) дар Лубнон
    Баргузории маросими солрӯзи иртиҳоли Имом Хумайнӣ(р) дар Лубнон

Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Бейрут маросими сивумсевумин солрӯзи иртиҳоли Имом Хумайнӣ(р)-ро баргузор кард.

Ба гузориши сомонаи хабарии Алаҳд, шахсиятҳои суханроникунанда дар ин маросим бар нақши меҳварии Эрон дар муқобила бо қулдурмаобии саҳюнизм ва истикбори ҷаҳонӣ таъкид кард.

Муҳаммадҷалоли Фирузниё, сафири Эрон дар Лубнон дар суханронии худ таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон бар усули бунёнгузошта шуда тавассути Имом Хумайнӣ(р) дар ҳимоят аз муқовимат дар минтақа ва муқобила бо султаталабии Амрико собит ва побарҷо аст ва ҳамроҳии ҳампаймононаш дар меҳвари муқовимат беш аз ҳар замони дигар қавитар шуданд.

Аз сӯи дигар Сайид Иброиҳм Амин Алсайид, раиси сиёсии Ҳизбуллоҳ дар суханоне изҳор кард: Эрон бо берун рафтан аз зери чатри султаи Амрико як таҳавули роҳбурди эҷод кард ва тавонист ба баракати инқилоби Имом Хумайнӣ як кишвари мустақилро поярези намояд.

Муҳаммад Васом Алмуртазо, вазири фарҳанги Лубнон ҳам бо баёни суханрони дар ин маросим бар аҳамияти пойбанди ба фикр ва андешаи Имом Хумайнӣ(р) ҷиҳати муқобила бо сиёсатҳои душманон таъкид кард.

 

Барчасп