Июн 09, 2022 13:26 Asia/Dushanbe
  • Идомаёфтани муҳосираи режими саҳюнистӣ сабаби камбуди дору шуда аст
    Идомаёфтани муҳосираи режими саҳюнистӣ сабаби камбуди дору шуда аст

Вазири беҳдошти Фаластин гуфт: Тадовуми муҳосираи Исроил ва набуди кумакҳои байналмиллалӣ сабаби камбуди зиёди дору дар Фаластин шуда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатоли, Ми Алкила, вазири беҳдошти Фаласин дар нишасти бо ҳузури дипломатҳои аврупоӣ ва намояндагони ниҳодҳои байналмиллалии кумакрасони, ҳайатҳои бахши беҳдошти Созмони Миллал, Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва Бонки Ҷаҳонӣ афзуд, бахши беҳдошти монанди дигар бахшҳои Фаластин ба сурати густарда дар натиҷаи муҳосираи молӣ, ки режими саҳюнистӣ бар Фаластин таҳмил кард ва низ ба далели набуди ҳимоят ва кумакҳои байналмиллалӣ дучори мушкил аст.

Вазири беҳдошти Фаластин таъкид кард, муҳосираи моллии режими саҳюнистӣ камбуди дору ба сурати густарда ироаи хадамоти дармонӣ ба шаҳрвандони фаластиниро таҳти шиъо қарор дода аст.

Вазири беҳдошти Фаластин аз кишварҳо, созмонҳо ва ниҳодҳои ҳуқуқии дар ҷаҳон хост, иқдомоти режими саҳюнистиро кантрол карда ва муҳити беҳдошти барои асирони фаластинӣ дар зиндонҳои Исроил муҳаё ва низ дармони лозим барои онҳоро фароҳам кунанд.

Режими саҳюнистӣ аз соли 2006 пас аз пирӯзии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" дар интихоботи парлумонӣ борикаи Ғазаро таҳти муҳосираи худ дароварда аст ва аз вуруди колоҳои асосӣ аз ҷумла сузишворӣ, ғизо, дору ва масолеҳи сохтмонӣ ба ин минтақа пешгири мекунад.

 

Барчасп