Июн 12, 2022 08:47 Asia/Dushanbe
  • Қудратмандтар шудани Ҳамос пас аз таҳримҳои Амрико

Таҳлилгари сиёсии фаластинӣ бо ишора ба таҳримҳои Амрико зиди ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) гуфт: Ҳамос пас аз таҳримҳои Амрико қудратмандтар аз гузашта шудааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Талол Укол-таҳлилгари сиёсии фаластинии мустақар дар Ғазза тасреҳ кард: Амрико ба маҳзи дарёфти иттилоотии мабнӣ бар таъмини молӣ ё кумаки бархе аз ниҳодҳо ба Ҳамос ё ҳар ҷиноҳи фаластинии дигар таҳримҳоеро барои маҳдуд кардани онҳо ва таваққуфи ҳар гуна тавсеаи молӣ ё низомии фаластиниҳо эҷод мекунад.
Талол Укол афзуд: На муҳосира дар 15 соли гузашта ва на чаҳор ҷанги Исроил ҳеч кадом Ҳамосро заъиф накард ва бинобарин аз эҳтимол дур аст, ки таҳримҳои Амрико таъсире бар қудрати Ҳамос дошта бошад .
Режими саҳюнистӣ низ аз соли 2006 пас аз пирӯзии Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) дар интихоботи порлумонӣ, борикаи Ғаззаро муҳосираи ҳамаҷониба кардааст .

 

Барчасп