Тадоввуми нақзи оташбаси Яман аз тарафи Эътилофи Саъудӣ
Эътилофи Саъудӣ дар шабона рӯзи гузашта 83 бор оташбаси Яманро нақз кард.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз рӯзи панҷшанбеи Ал-Масира нерӯҳои Саъудӣ бо анҷоми парвозҳои таҷасуси ва шиносоӣ бар фарози устонҳои Муъраб, Асир, Ҳаҷаҳ, Ал-Ҷуф, Таъз, Саъда, Золеъ ва меҳварзҳои марзии оташбаси Созмони Миллалро нақз карданд.
Ҳамчунон нерӯҳои эътилофи Саъудӣ мавозеъи нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яманро дар устонҳои зикршуда ҳадафи ҳамалоти сангини тубхонаӣ, рокетӣ ва хумпораӣ қарор доданд.
Бар асоси эъломи сухангуи ширкати нафти Яман, Эътилофи Саъудӣ дар идомаи нақзи мафоди оташбас, киштии ҳомили 30 ҳазору 148 летр бензин бо номи " фус энегри"-ро дар обҳои ин кишвар бо вуҷӯди бозрраси ва доштани муҷаввиз аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид тувқиф кардаанд.
Пештар Маҳдӣ Ал-Машот раиси Шӯрои олии сиёсии Яман гуфта буд, оташбас бо нақзи мукаррари он тавассути Эътилофи Саъудӣ аз байн рафтааст.
Режими Саъудӣ беш аз ҳафт сол аст бо ҳамроҳии чанд кишвари арабии дигар вобаста ба худ таҷовӯз ба Яманро оғоз кардааст. Дар тӯли ин таҷовӯз ҳазорон нафар аз мардуми Яман шаҳид ва захмӣ ва хисороти зиёде низ ба зерсохтҳои ин кишвар ворид шудааст.
Бештарн бихонед: