Июн 18, 2022 11:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҳавоии артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазза

Артиши режими саҳюнистӣ, ба баҳонаи шиллики ду ракет ба сӯи шаҳраки саҳюнистнишин, манотиқи марказии Ғаззаро ҳадаф қарор дод.

Юриш ва ҳамалоти артиш ва низомиёни режими саҳюнистӣ ба мардуми Фаластин дар моҳҳои ахир ба шиддат афзоиш ёфтааст, бар асари ин ҳамалот, шумории фаластинӣ шаҳиду захмӣ шудаанд.

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ рӯзи гузашта (ҷумъа) шимоли Борикаи Ғаззаро бомбаборон карданд.

Артиши режими саҳюнистӣ низ субҳи имрӯз шанбе гузориш дод, ки шиллики ду ракет аз Ғазза ба самти Асқалонро расад кардааст.

Ба гузориши хабаргузории фаластинӣ «Шаҳоб», дар пайи шиллики чандин ракет ба сӯи шаҳраки саҳюнистнишини Аъсқалон, ҷангандаҳои артиши саҳюнистӣ имрӯз бори дигар манотиқи марказии Ғаззаро ҳадаф қарор доданд.

Бар асоси ин гузориш, ҷангандаҳои исроилӣ то ин лаҳза беш аз ҳафт мӯшак ба самти пойгоҳи муқовимат дар маркази Ғазза шиллик карданд.

Артиши режими саҳюнистӣ муддаист, ки ин ҳамла дар посух ба шиллики як ракет аз навори Ғазза ба самти арозии ишғолӣ анҷом гирифтааст.

Низомиёни режими саҳюнистӣ саҳаргоҳи ҷумъа бо юриш ба шарқи Ҷенин, ба самти як худрави фаластинии ҳомили 3 ҷавон тирандозӣ карданд, ки ҳарсе нафар ба шаҳодат расиданд.

 

Барчасп