Июн 20, 2022 09:16 Asia/Dushanbe
  • Юриши шаҳракнишинони саҳюнист ба фаластиниҳо дар Қудси ишғолӣ

Манобеи фаластинӣ аз юриши шаҳракнишинони саҳюнист ба фаластиниҳо дар наздикии Масҷидулақсо хабар доданд.

Дар моҳҳои ахир ҷиноятҳои низомиён ва шаҳракнишинони саҳюнист зидди фаластиниҳо афзоиши қобили мулоҳизае дар абъоди мухталиф доштааст. Бар асари ин ҷиноёт даҳҳо фаластинӣ ба шаҳодат расида ва садҳо нафар низ захмӣ шудаанд.

Ба гузориши «Фаластин алявм», манобеи фаластинӣ гузориш доданд, ки шаҳракнишинон ба ҷавонони фаластинӣ юриш бурда ва ба самти онҳо испрейи филфилӣ пошиданд.

Шаҳракнишинони саҳюнист ҳамчунин дар иқдоме таҳрикомез ба боло бурдани парчами режими саҳюнистӣ дар муқобили ҳозирон муқобили Боби Ҳита, яке аз дарҳои вурудии Масҷидулақсо даст заданд.

Низомиёни ишғолгар се ҷавони сокини Қудси ишғолиро дар ҷараёни ҳузур дар минтақаи Боби Ҳитаро боздошт намуданд.

 

Бештар бихонед: