Июн 27, 2022 16:46 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Ҳизбуллоҳ: Омодагии муқовимат таҳдидоти саҳюнистҳоро хунсо кард
    Намояндаи Ҳизбуллоҳ: Омодагии муқовимат таҳдидоти саҳюнистҳоро хунсо кард

Узви фраксияи вафодории ба муқовимат дар парлумони Лубнон гуфт: Дастовардҳо, пирӯзи ва омодагии ҳамешагӣ муқовимат сабаб шуд, ки тамоми таҳдидҳои душмани саҳюнистӣ бенатиҷа бимонад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Алаҳди Лубнон, Муҳаммад Раъд, узви фраксияи вафодории ба муқовимат дар парлумони Лубонон дар маросими бузургдошти Қосим Бадрдин дар ҷануби ин кишвар таъкид кард: Касе, ки ба дунболи қудрат аст пеш аз ҳар чиз бояд дили мардумро ба даст оварад чаро, ки бо суханҳои бепоя ва асос кори ба пеш намеравад танҳо мардум инсонҳои содиқро мепазиранд.

  • Раъд бо баёни ин ки Лубнон ниёзҳои зиёди дорад, ки ҳамаги ва ба кумаки якдигар ва ба ҷой аз даст додани замон бояд онҳо ҳал шаванд, таъкид кард: Мо дар ҳоли ҳозир замон надорем, ки бихоҳем онро аз даст бидиҳем.
  • Ин намояндаи лубнонӣ афзуд: Агар афроде нахоҳанд касеро ба унвони масъули кобина муъарифи кунанд ва гурӯҳи дигар нахоҳанд дар ташкили кобина мушорикат дошта бошанд ва дигарон низ дар мақоми мухолифат бар биёянд ва аз масъулият фирор кунанд дигар касе барои идораи кишвар боқи намемонад.
  • Узви фраксияи вафодории ба муқовимат дар парлумони Лубнон ҳамчунин таъкид кард: Дар замони кунуни метавонем давлате ташкил диҳем, ки имкон дорад, ки баҳраварии бештари нисбат ба давлати кунунӣ дошта бошад, аммо агар бихоҳем вақтро талаф кунем тавфиқи чандоне насибамон нахоҳад шуд.

Раъд яке дигар аз далелҳои баромадани як давлати қудратманд дар Лубнонро таҳдидҳои ҳамаҷонибаи душмани саҳюнистӣ донист ва гуфт: Барои хунсо кардани таҳдиди душмане, ки моро аз замин ва дарё таҳдид мекунад ниёзманди як давлати қави ҳастем то дар мақоми дифоъ барояд.

Узви фраксияи вафодории ба муқовимат дар парлумони Лубнон таъкид кард, режими саҳюнистӣ акнун дар нигаронии ҳамешагӣ ба сар мебарад ва омодагии муқоиматро зери назар дорад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп