Июн 29, 2022 11:02 Asia/Dushanbe
  • Истеъфои дастаҷамъии неруҳои полису горди марзии режими саҳюнистӣ

Дар рӯзҳои ахир ахбори нигаронкунандае дар бораи вазъияти полиси режими саҳюнистӣ дар пайи мавҷи истеъфоҳои ахир дар байни афсарони полис ва ҳамчунин неруҳои горди марзӣ ба гӯш мерасад.

Режими саҳюнистӣ дар моҳҳои ахир бо буҳронҳои зиёде даргир буда, ки дар натиҷаи он эътирозоти мутааддиде дар сатҳи ҷомеаи саҳюнистӣ шакл гирифтааст.

Ҳафтаи гузашта низ расонаҳои саҳюнистӣ аз оғози эътирозоти маишатӣ дар шаҳрҳои мухталифи сарзаминҳои ишғолӣ дар эътироз ба афзоиши шадиди қимати коло, маскан ва иҷорабаҳо хабар доданд.

Як пойгоҳи саҳюнистӣ рӯзи сешанбе аз истеъфои дастаҷамъии неруҳои полису горди марзии режими саҳюнистӣ дар эътироз ба шароити сахти корӣ ва мушкилоти маишатӣ хабар дод.

Бинобар ин гузориш, 114 нафар аз афсарони горди марзӣ дар соли 2021 истеъфо доданд ва аз оғози соли ҷорӣ (2022) то кунун низ 71 афсари дигар истеъфо додаанд.

Ҳамчунин дар миёни неруҳои полиси режими саҳюнистӣ низ аз ибтидои соли ҷорӣ 400 нафар истеъфо доданду пешбинӣ мешавад, ки ин адад то поёни сол ба 1000 нафар ҳам бирасад.

Ба навиштаи пойгоҳи саҳюнистӣ, бо ин раванд шумори неруҳои мустаъфӣ бештар аз неруҳои тозавориди полис буда ва ҳамин масъала муҷиб шуда то раиси полиси режими саҳюнистӣ ба фикри коҳиши муддати омӯзиши неруҳо аз 7 моҳ ба танҳо 7 ҳафта бошад.

Бинобар ин гузориш, иллати ин падида ба афзоиши мушкилоту сахтиҳои пеширӯйи полис, ба вижа дар моҳҳои ахир, ки сар то сари Каронаи бохтарӣ ва Қудс шоҳиди таниш ва даргирӣ буда ва ҳамчунин коҳиши ҳуқуқу сатҳи маишати ин неруҳо боз мегардад.

Гуфтанист, ду рӯзи пеш низ иттиҳодияи коргарии режими саҳюнистӣ ва иттиҳодияи ронандагони автобуси ин режим дар сооти авҷи роҳбандон эътисобе густардаро баргузор карданд. Иллати аслии ин эътисоб адами мувофиқат бо дархости афзоиши маоши ронандагон ва коргарон дар сарзаминҳои ишғолӣ будааст.