Пан Ги Мун сохти шаҳракҳои саҳюнистиро таҳрикомез хонд
Дабири кулли Созмони милали муттаҳид бо баёни инки идомаи сохти шаҳракҳои саҳюнистӣ иқдоме таҳрикомез аст, эҳёи музокироти созишро хостор шуд.
Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи хабаргузории Фаронса аз Созмони милали муттаҳид (Ню-Йорк), ба муносибати рӯзи ҷаҳонии ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин, Пан Ги Мун - дабири кулли Созмони милал рӯзи сешанбе дар суханоне дар саҳни ин созмон, бо интиқод аз идомаи шаҳраксозиҳои режими саҳюнистӣ таъкид кард, идомаи шаҳраксозиҳои ғайриқонунии Исроил метавонад ба демократия осебҳои фаровоне ворид кунад.
Дабири кулли Созмон милал бо таъкид бар эҳёи музокироти созиш барои ташкили ду давлати фаластинӣ ва исроилӣ хотирнишон кард, ки таҳдидҳои мавҷуд дурнамои сулҳро бо хатар мувоҷеҳ кардааст ва эҳтимоли он меравад, ки ин мавзӯъ ба таври комил аз байн биравад.
Дабири кулли Созмони милал ҳамчунин афзуд, тахриби манозили фаластиниҳо дар Каронаи бохтарӣ тавассути Исроил ду баробар шудааст ва сокинони Ғазза ба кумакҳои инсондӯстонаи фаврӣ ниёзи мубрам доранд ва дар муқобила бо чунин вазъияти асафборе, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд шароите фароҳам кунад, то саҳюнистҳо ва фаластиниҳо битавонанд бо итминон аз якдигар, музокироти сулҳро аз сар гиранд.
Музокирот миёни ташкилоти худгардони Фаластин ва режими саҳюнистӣ дар моҳи апрели 2014 мелодӣ ба иллати мухолифати ин режим бо таваққуфи шаҳраксозӣ ва озодии асирони Фаластин мутаваққиф шуд.