Июл 02, 2022 12:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мушакии режими саҳюнистӣ ба Сурия

Хабаргузории расмии Сурия аз ҳамлаи мушакии режими саҳюнистӣ ба ҷануби Тартус дар ин кишвар хабар дод.

Режими саҳюнистӣ ҳамвора барои ҳимояту пуштибонӣ аз террористҳо, мавозеъи артишу зерсохтҳои Сурияро ҳадаф қарор медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия, субҳи имрӯз (шанбе), режими саҳюнистӣ бо чандин мӯшак аз болои баҳри Миёназамин дар ғарби Таробулус, чандин мурғдориро дар ҷануби Тартус ҳадаф қарор дод.

Бар асоси ин гузориш, дар ин ҳамла ду ғайринизомии сурӣ ҷон бохтанд ва як зан ҳам маҷрӯҳ шуд.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густардаи гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико оғоз шудааст.

Сурия ба унвони яке аз аъзои аслии меҳвари муқовимат нақши асосӣ дар муқобила бо тавеаҳо ва иқдомоти меҳвари амрикоӣ- саҳюнистӣ- саудӣ дар минтақа дорад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп