Ҳамлаи дубораи Туркия ба шимоли Ироқ
Манобеъи хабари ҷӯмъа шаб аз ҳамлаи ҷангандаҳои Туркия ба устони Дуҳук дар шимоли Ироқ хабар доданд.
Туркия дар солҳои ахир борҳо ба баҳонаи саркубии аносир " PKK" ба хоки Ироқ таҷовуз кардааст.
Ин таҷовузҳо бо вокуниши шадиди тавлати Ироқ ва дигар кишварҳои ҷаҳон мувоҷеҳ шудааст.
Танҳо дар ҳамлаи тубхонаии рӯзи чаҳоршанбе артиши Туркия ба як марказӣ гардишгарӣ дар устони Дуҳук дасти кам 9 ғайринизомӣ кушта ва 31 нафар дигар захмӣ шуданд.
Мустафо Ал Козимӣ нахуствазири Ироқ бо маҳкум кардани ин ҳамла таъкид кард, ин кишвар ҳаққи комили худ дар посӯх ба таҷовузоти Туркияро маҳфӯз медонад.
Ба гузориши Садои Хуросон, манобеъи хабари ҷӯмъашаб эълом карданд, ҷангандаҳои Туркия манотиқеро дар Алъамодия дар устони Дуҳук бомбборон кардаанд.
Аз хисорот ва талафоти эҳтимолии ин ҳамла ҳанӯз гузорише мунташир нашудааст.
Дафтари раёсат Ҷумҳӯрии Ироқ пештар бо маҳкум кардани таҷовузҳои Туркия ба шимоли Ироқ тарсреҳ карда буд, ҳамалоти мукаррари артиши Туркия ба хоки Ироқ нақзи ҷиддии ҳокимияти Бағдод ва тахалуфи ошкор аз қавонин ва муқарароти байналмиллалӣ ва мағойр бо равобити ҳамсоягӣ аст.