Ирсоли таҷҳизоти низомии Амрико ба пойгоҳе дар марзи Сурия
(last modified Wed, 27 Jul 2022 04:43:55 GMT )
Июл 27, 2022 09:43 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли таҷҳизоти низомии Амрико ба пойгоҳе дар марзи Сурия

Як манбаи амниятӣ аз ирсоли таҷҳизоти низомии Амрико ба пойгоҳе дар гузаргоҳи « Алвалид » воқеъ дар марзи Ироқу Сурия хабар дод.

Бо шикасти гуруҳи террористии ДИИШ ба унвони бозуии низомии Амрико дар Сурия неруҳои амрикоӣ мустақиман ҷойгузини ин гуруҳи террористӣ дар Ироқу Сурия шудаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз рӯзи чаҳоршанбеи Алмаълума, ин манбаи амниятӣ изҳор кард, бархе таҷҳизоти низомии Амрико аз пойгоҳи ҳавоии Айнуласад дар ноҳияи Ал-Бағдодӣ воқеъ дар устони Аланбор   ба пойгоҳе дар наздикии гузаргоҳи Алвалид-воқеъ дар марзи Сурия ирсол шудааст.
Ин манбаъ афзуд неруҳои амрикоӣ як гуруҳи бузургу муҷаҳҳаз ба ҳавопаймоҳои ҷангиро ба пойгоҳи мазкур сафарбар карданд.
Ба гуфта ин манбаи амниятӣ пойгоҳҳои амрикоии мустақар дар хоки Сурия низ шоҳиди бархе иқдомоти мушобеҳ барои муқобила бо ҳар гуна иттифоқи эҳтимолӣ буд; ба хусӯс инки ҳар аз гоҳе ин пойгоҳҳо ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор мегиранд .