Эрдуғон изҳороти худ алайҳи Асадро пас гирифт
Декабр 02, 2016 15:25 Asia/Dushanbe
Раиси ҷумҳурии Туркия эълом кард, ҳадаф аз ҳузури нерӯҳои артиши ин кишвар дар Сурия иқдом алайҳи кишвар ё шахсе нест.
Ба гузориши ИЛНА, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия, ки изҳороти ахираш зидди Башор Асад бо вокуниши Русия рӯбарӯ шуд, бо тағйир додани мавозеи худ гуфт, ҳадаф аз ҳузури нерӯҳои Туркия дар хоки Сурия фақат муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ аст.
Ин дар ҳоле аст, ки давлати Сурия борҳо эълом кардааст, вуруди нерӯҳои Туркия ба хоки он кишвар нақзи истиқлолу ҳокимияти миллии Сурия аст.
Давлати Димишқ борҳо хуруҷи ҳар чӣ зудтари нерӯҳои Туркияро хостор шудааст.
Барчасп