Июл 30, 2022 12:28 Asia/Dushanbe
  • Маҳдӣ Алмашот гуфта буд, ки оташбаси Яман бо нақз тавассути Эътилофи Саъудӣ  тақрибан аз байн рафтааст
    Маҳдӣ Алмашот гуфта буд, ки оташбаси Яман бо нақз тавассути Эътилофи Саъудӣ тақрибан аз байн рафтааст

Манобеъи яманӣ шанбе хабар доданд, Эътилофи Саъудӣ тайи шабона рӯзи гузашта 155 бор оташбаси Яманро нақз кардааст.

Оташбаси Яман, ки борҳо аз сӯйи Эътилофи мутаҷовизи Саъудӣ нақз шуддааст ба дунболи ройзаниҳои Созмони Миллали Муттаҳид барои тамдиди дубораи он, барои ду моҳи дигар тамдид шуд аммо Эътилофи Саъудӣ ҳар рӯз онро нақз мекунад.

Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз рӯзи шанбеи хабаргузори  расмии Яман Сабоъ, Эътилофи Саъудӣ бо анҷоми парвозҳои таҷасусӣ ва шиносоӣ бар фаррозӣ устонҳои Алҳадида, Ҳаҷҷа, Ҷуф, Саъда, Золеъ,  Маъриб   ва меҳварҳои амалиётии марзии оташбаси Созмони Миллали Муттаҳидро нақз кард.

Бар ин гузориш, нерӯҳои Эътилофи Саъудӣ мавозеъи нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумӣ ва ҳамчунин  манозили маскунии шаҳрвандони яманӣ дар устонҳоии  Алҳадида, Маъриб, Ҳаҷҷа, Саъда, Бейзоъ, Ҷизон ва Золеъро ҳадафи ҳамалоти сангини тупхонаӣ , ракетӣ ва хумпораӣ қарор доданд.

Ҳавопаймоҳои шиносоии мусаллаҳи Эътилофи Саъудӣ минтақае дар шаҳристони  Ҳайс воқеъ дар устони Алҳадида ва  устони Таъизро ҳадаф қарор доданд.

Пештар Маҳдӣ Алмашот раис Шӯрои олии сиёсии Яман гуфта буд, ки оташбаси Яман бо нақз тавассути Эътилофи Саъудӣ  тақрибан аз байн рафтааст.