Алҳашду шаъбии Ироқ тарҳи ДИИШ-ро беасар кард
(last modified Sat, 30 Jul 2022 13:08:31 GMT )
Июл 30, 2022 18:08 Asia/Dushanbe
  • Алҳашду шаъбии Ироқ тарҳи ДИИШ-ро беасар кард
    Алҳашду шаъбии Ироқ тарҳи ДИИШ-ро беасар кард

Нерӯҳои Алҳашду шаъби басиҷи мардумии Ироқ дар даргири бо унсурҳои гуруҳи террористии ДИИШ тарҳи онҳо барои нуфуз ба Бағдод ва ҳамла ба зоирони Ҳусейни(а) ва ба роҳ андохтани ҷанги дохилиро беасар карданд.

Ироқ дар соли 2017 пас аз се сол набард, пирӯз бар гуруҳи террористии ДИИШ-ро  эълом кард, аммо унсурҳо ва ҳастаҳои парокандаи ин гуруҳи террористӣ ҳануз дар бархе устонҳои Диёла, Каркук, Найнаво, Аланбор ва Бағдод фаъол ҳастанд.

Ба гузориши ИРНА, Созмони Алҳашду шаъби Ироқ дар баёнияе эълом кард, неруҳои типи 12 Алҳашду шаъби ҷамъа шаб ҳамла ва нуфузи гуруҳи ДИИШ-ро ба минтақаи Аторимия дар шимоли Бағдод барои анҷоми амалиёти террористӣ беасар карданд.

Бар асоси ин баёния террористҳо қасд доштанд то бо вуруд ба шаҳри Бағдод ба мувкибҳои Ҳусейнӣ(а) ҳамла карда ва амнияти умумиро барҳам бизананд.

Ин баёния меафзояд дар ин амалиёти вижаи Алҳашду шаъби зидди унсурҳои гуруҳи террористии ДИИШ нақшаҳои онҳо барои эҷоди ҷанги дохили аз тариқи ҳамлаи ҳамзамон ба мувкабҳои Ҳусейнӣ(а) ва тазоҳурот дар Бағдод бармало шуд.

Алтроимия яке аз 6 ноҳияҳои атрофи Бағдод аст, ки ба номи камарбанди амниятии пойтахт маъруф аст ва чор вилояти Бағдод Салоҳиддин, Диёла, Аланборро ба якдигар пайваст мекунад.