Июл 31, 2022 19:38 Asia/Dushanbe
  • Боздошти даҳҳо мақоми давлати дар Арабистони Саъудӣ
    Боздошти даҳҳо мақоми давлати дар Арабистони Саъудӣ

Арабистони Саъудӣ 78 нафар аз ҷумла теъдоди аз кормандони Вазоратхонаҳои ин кишварро ба иттиҳоми ришвахори ва қаллоби боздошт кард.

Созмони мубориза бо фасод дар Арабистон солҳо ба баррасии бисёри аз парвандаҳо идома дод ва ин амр сабаби маҳкумияти садҳо корманди фаъли ва собиқ дар бахшҳои мухталифи давлати ва бисёри аз шаҳрвандон ва муҳоҷирон шуда аст.

Ба гузориши  радиои тоҷикии Садои Хуросон, созмони мубориза бо фасоди Арабистон "Назоҳа" аз боздошти 78 корманди вазоратхонаҳи дифоъ, беҳдошту дармон, адлия, шаҳрдори ва маскан ба иттиҳоми ришва суи истифода аз қудрад, пулшуӣ ва қалоби хабар дод.

Дар ин гузориш омада аст созмони мубориза бо фасоди Арабистон ахиранд 41 мақоми давлати аз ҷумла кормандони вазоратхонаҳои кишвар ва дифоъро ба иттиҳои фасод боздошт карда аст.

Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Арабистон соли 2017 дастури ташкили созмони мубориза бо фасод ба раёсати писараш Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди ин кишварро содир кард ва дар пайи он даҳҳо нафар аз шоҳзодагон ва масъулони феъли ва собиқи саъудӣ дастиг шуданд.

Боздошти мақомоти саъудӣ ба иттиҳоми фасоди моли дар ҳоли сурат мегирад, ки масъулони Арабисон ҷузиёти марбу ба иттиҳоми ин афродро эълом намекунанд дар ҳақиқат шафофияте, ки барои расидаги ба чунин парвандаҳо лозим аст дар раванди боздошти мутаҳамони марбута дар Арабистон вуҷуд надорад, ҳато иттилоъияи дақиқ аз афроди боздоштшуда нест.

 

Барчасп