Август 13, 2022 18:59 Asia/Dushanbe
  • Низомиёни саҳюнист кишоварзони Ғазаро ҳадаф қарор доданд
    Низомиёни саҳюнист кишоварзони Ғазаро ҳадаф қарор доданд

Низомиёни саҳюнист бо вуҷуди эъломи оташбас дар борикаи Ғаза кишоварзони фаластини дар ҷануби борикаи Ғазаро ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Фаластин Алявм, низомиёни режими саҳюнистӣ дар шарқи хони Юнус ба тарафи кишорварзони минтақаи Алсенотӣ дар шарқи рустои Абсон гази ашковар шилик кард ва онҳоро вордор ба тарки минтақа карданд.

Низомиёни саҳюнисти мустақар дар имтидоди девори Ҳойл дар шарқи борикаи Ғаза ҳар рӯз ба тарафи заминҳои кишоварӣ ва чупонҳои фаластинӣ дар имтидоди марз тирандози карда ё гази ашковар шилик мекунанд.

Аз сӯи дигар шаби гузашта даргирии хушунатбор байни низомиёни саҳюнист ва теъдоди аз фаластиниён дар наздикии гузаргоҳи низомӣ дар ҷануби Нобелс дар Каронаи Бохтари ба вуқуъ пайваст.

Ҳилоли Аҳмари Фаластин гузориш дод дар ин даргири теъдоди аз фаластиниён заъми ва 66 нафар низ дучори танафуси шуданд.

Дар ҳамин иртибот бархе манобеъи хабари гузориш доданд, ки муборизони фаластинӣ як пойгоҳи артиши режими ишғолгар дар шаҳри Нобелсро ҳадафи тирандози қарор доданд.

 

Барчасп