Август 14, 2022 09:23 Asia/Dushanbe
  • Тирандозӣ дар Қудс/ ҳафт низомии саҳюнист захмӣ шуданд

Манобеи расонаӣ аз захмӣ шудани ҳафт низомии саҳюнист бар асари тирандозӣ дар Қудси ишғолӣ хабар доданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, хабаргузории фаластинии « Шаҳоб » гузориш дод, ки размандагони гуруҳҳои муқовимат ба самти низомиёни саҳюнист дар Қудси ишғолӣ шиллик карданд .
Идораи ёрии таъҷилии режими саҳюнистӣ эълом кард дар ин амалиёт ҳадди ақал ҳафт саҳюнист маҷрӯҳ шуданд, ки ҳоли се нафар аз онҳо вахим аст.
Шабакаи ҳафти телевизиони режими саҳюнистӣ ба нақл аз полис гузориш дод, ки ду тирандозии ҳамзамон тавассути омилони фаластинӣ дар Қудси ишғолӣ наздики девори Алброқи анҷом шудааст.
Тибқи гузоришҳо омилони ин амалиётҳо муваффақ шуданд аз саҳна фирор кунанду полиси режими саҳюнистӣ низ илова бар инки сатҳи ҳушдорро афзоиш дода дар пайи тақвияти неруҳои амниятӣ баромадааст .
Шабакаи « Алҷазираи Қатар » низ дар ин бора эълом кард, ки ба дунболи амалиётҳои тирандозӣ полиси режими саҳюнистӣ монеъ аз хурӯҷи шаҳракнишинон аз девори Алброқ дар Байтулмуқаддас шуда  зеро бими он дорад, бори дигар тавассути размандагони фаластинӣ мавриди тирандозӣ қарор бигиранд .
Шабакаи Алмаёдин низ дар ин бора гузориш дод ки ҳудуди 40 худрави низомии режими саҳюнистӣ дар талош барои ёфтани омилони ин амалиёт ба самти маҳаллаи « Селвон » дар шарқи Қудси ишғолӣ ва ҳамчунин урдӯгоҳи « Ҷанин » юриш бурданд .
 

 

Барчасп