Август 22, 2022 19:16 Asia/Dushanbe
  • Ишғоли манзилҳои сокинони шарқи Сурия аз сӯи низомиёни Амрико
    Ишғоли манзилҳои сокинони шарқи Сурия аз сӯи низомиёни Амрико

Манобеъи маҳаллии сурӣ гузориш доданд, ки низомиёни террористии акмрикоӣ ба ҳамроҳи шибҳинизомиён курдӣ тарафдорони онҳо манзилҳои шаҳрвандони сурӣ дар шарқи Сурияро ишғол карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Спутник манзилҳои мазкур дар шаҳраки Зибон дар Дерлзур ба ишғоли низомиёни амрикоӣ ва унсурҳои курд даромада аст.

Ин шаҳрак дар наздикии майдони нефтии Алумр қарор дорад, ин майдон бузургтарин майдони нефтии Сурия аст, ки нерӯҳои амрикоӣ дар он бузургтарин пойгоҳи ғайриқонунии худ дар шарқи Сурияро эҳдос карданд.

Манобеъи маҳаллии огоҳ хабардоданд, ки нерӯҳои демакратики курди Сурия "Фасад" бо ҳамкории амрикоиҳо панҷ манзилро дар маҳалаи Аллитра дар шаҳраки Зибон, ки мушраф ба пойгоҳи Амрико дар тарафи ҷанубии майдони нефтии умр аст ба ишғоли худ дароварданд.

Ба дунболи ин иқдом ашоири араби ин минтақа ва чанд минтақаи дигар дар шарқу ғарби Дирлзур зидди унсурҳои амрикоӣ эътироз карданд ва масирҳоро бастанд.

Амрико ҳудуди 28 пойгоҳи низомӣ дар шарқи Сурия дорад, ки ба сурати як ҳалқа манобеъи нефту гази Сурияро дар муҳосира дорад.

 

Барчасп