Август 24, 2022 12:43 Asia/Dushanbe
  • Дастури Алкозимӣ барои манъи вуруди артишу муассисоти низомӣ ба даргириҳои сиёсӣ

Нахуствазири Ироқ эълом кард неруҳои амниятии кишвараш ҳаргиз ба даргириҳои сиёсӣ кашида нахоҳанд шуд ва бахше аз он нахоҳанд буд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Воъ, Мустафо Алкозимӣ-нахуствазири Ироқ дар суханоне зимни эъломи ин дастур тасреҳ кард : Алайҳи неруҳои амниятӣ ки аз дастуруламалҳо сарпечӣ кунанд, шадидтарин муҷозот пиёда хоҳад шуд .
Бар асоси ин гузориш Алкозимӣ ҳамчунин афзуд муассисоти амниятӣ ва низомии Ироқ аз ҳар гуна интишори баёнияе бо моҳияти сиёсӣ худдорӣ кунанд.
Дастури Алкозимӣ пас аз он матраҳ мешавад, ки созмони Ҳашд-шаъбии Ироқ аз давлати Алкозимӣ хоста буд, ки дар хусӯси дифо аз маконҳои умумӣ ва давлатӣ масъӯлиятпазир бошад .
Созмони Ҳашд-шаъбии Ироқ ҳамчунин фармондеҳии амалиёти ин гуруҳро мулзам кард дар даргириҳои сиёсӣ ворид нашаванд ва дар айни ҳол омодагии худро барои дифоъ аз ниҳодҳои давлатӣ эълом кард .
Интихоботи зудҳангоми порлумонии Ироқ дар даҳуми октябри 2021 баргузор шуд, ки ҷараёнҳои сиёсии ин кишвар ба далели ихтилофҳои сиёсӣ то кунун ва бо вуҷуди гузашти 10 моҳ аз баргузории ин рӯйдод натавонистаанд давлати ҷадидро ташкил диҳанд .
 

 

Барчасп