Июл 27, 2016 17:12 Asia/Dushanbe

Манобеи сурӣ аз инфиҷори террористӣ дар шимоли шарқи Сурия хабар доданд.

Ба иттилои шабакаи хабарии Ской Ниюзи арабӣ, субҳи имрӯз як мошини бомбгузорӣ шуда дар ғарби шаҳри курднишини Қамишлӣ дар устони Ҳасака дар шимоли шарқи Сурия мунфаҷир шуд, ки бар асари он дастикам 44 нафар кушта шуданд.

Ин инфиҷор наздики мақарри нерӯҳои амниятии курди Сурия мавсум ба Осоиш рух дод.

Бар асоси ин гузориш, бадалели маҳиб будани инфиҷор эҳтимоли афзоиши талафот вуҷуд дорад ва устондори Ҳасака аз мардум хостааст, барои кумак ба маҷруҳон ба бемористонҳо рафта хун эҳдо кунанд.

Соли гузашта гурӯҳи террористии ДИИШ бо юриш ба Қамишлӣ ин шаҳрро ба тасарруфи худ даровард, аммо курдҳо тавонистанд шаҳри худро аз тасарруфи террористҳои ДИИШ хориҷ кунанд .

Барчасп