Иқдоми ҷадиди артиши режими саҳюнистӣ дар марзҳои шимолӣ аз бими Ҳизбуллоҳ
(last modified Sat, 27 Aug 2022 13:01:42 GMT )
Август 27, 2022 18:01 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми ҷадиди артиши режими саҳюнистӣ дар марзҳои шимолӣ аз бими Ҳизбуллоҳ

Артиши режими саҳюнистӣ пас аз ҳушдори муқовимат ва ҳарос аз ҳамалоти эҳтимолии Ҳизбуллоҳ дар муҷовирати хонаҳои шаҳракнишинон дар шимоли арозии ишғолӣ утоқакҳои бетонӣ мустақар кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шабакаи « Алманор » эълом кард : « Артиши режими саҳюнистӣ саъй дорад дар сояи ваҳшате ки бар шаҳракнишинон чира шуда бо мустақар кардани утоқакҳои бетонии мустаҳкам дар наздикии хонаҳояшон дар муҷовирати марзи Лубнон ба онҳо баъд аз пофишории муқовимати бар гирифтани ҳаққи нафтии Лубнон итминони хотир диҳад . »
Ин иқдом пас аз ҳушдори Сайид Ҳасан Насруллоҳ-дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнони сурат гирифтааст, ки дар суханрониҳои ахири худ таъкид кард агар Лубнон натавонад аз манобеи нафтии худ дар баҳр баҳра бибарад, ҳеҷ кас иҷозаи истифода аз маноберо нахоҳад дошт .
Майдони газии « Коряш » дар ҷануби Лубнон мавриди муноқишаи Бейрут ва режими саҳюнистӣ аст . Аз октябри соли 2020 музокироти ғайримустақими фаннӣ миёни режими саҳюнистӣ ва Лубнон барои ҳалли ихтилофоти марзӣ бо миёнҷигарии Амрико оғоз шуда ; аммо то кунун ба натиҷаи мушаххасе нарасидааст .
Пештар низ вебгоҳи саҳюнистии « Воло » гузориш дода буд ки артиши режими саҳюнистӣ барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаи эҳтимолии Ҳизбуллоҳ ба деворкашӣ дар атрофи шаҳракҳои шимолӣ рӯй овардааст.