Бозгушоии марзҳои ҳавоӣ ба рӯи зоирони Арбаин
Раиси Ситоди марказии Арбаини вазорати кишвари Эрон гуфт, марзҳои ҳавоии Ироқ ба рӯи зоирони Арбаини ҳусайнӣ боз шуд.
Дар ҷараёни даргириҳои шаби гузашта то бомдоди имрӯз (сешанбе) дар Бағдод, пойтахти Ироқ ва бархе дигар аз манотиқи ин кишвар байни ошӯбталабон ва нерӯҳои амниятӣ дастикам 30 нафари кушта ва 700 нафар захмӣ шуданд, ки аз ин теъдод 110 нафар аз нерӯҳои амниятӣ ҳастанд.
Нооромиҳо дар Ироқ рӯзи душанбе пас аз баёнияи канорагирии Муқтадо Садр, раҳбари ҷараёни “Садр” аз фаъолиятҳои сиёсӣ дар Ироқ оғоз шуду тарафдорони ҷараёни “Садр” ба Кохи раёсатҷумҳурӣ дар минтақаи Сабзи Бағдоди юриш бурданд.
Маҷиди Мираҳмадӣ, раиси Ситоди марказии Арбаини вазорати кишвари Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи хабари телевизион афзуд, дар пайи бозгашти оромиш ба Ироқ, давлати ин кишвар марзҳои худро ба рӯи зоирон бозгушоӣ кардааст.
Вай бо баёни инки парвозҳои Арбаин ва эъзоми ҳавоии зоирон ба атаботи олиёт биломонеъ аст, гуфт, зоироне, ки қасди тараддуд аз марзҳои заминӣ доранд, мунтазири иттилоияи баъдии Ситоди марказии Арбаъин бошанд.
Дар ҳамин ҳол, Аҳмади Ваҳидӣ, вазири кишвари Эрони баргузории роҳпаймои Арбаъини ҳусайнӣ (а)-ро манӯт ба оромиш дар Ироқ донист ва гуфт, ройзанӣ бо масъулони ироқӣ дар ин замина идома дорад.
Вазири кишвари Эрон зимни ибрози нигаронӣ аз воқеаҳои пешомада дар Ироқ, таъкид кард, то ин лаҳза зоирони эронӣ имкони ташарруф ба Ироқ барои зиёратро надоранд ва ба ҳамин далел марзҳои заминӣ аз тарафи давлати Ироқ бастааст ва зоирон ба марз муроҷиа накунанд.
Дар пайи таҳаввулоти Ироқ, сафорати Эрон дар Бағдод бо судӯри баёнияе эълом кард, зоирони эронӣ аз тараддуд дар шаҳрҳои Бағдод, Козимайн ва Сомиро худдорӣ кунанд.