Таҳдиди Мустафо Ал Козимӣ ба канорагирӣ
(last modified Wed, 31 Aug 2022 06:50:56 GMT )
Август 31, 2022 11:50 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди Мустафо Ал Козимӣ ба канорагирӣ

Нахуствазири Ироқ таҳдид кард, дар сӯрати идомаи даргириҳо ва ҳарҷу марҷ аз симаташ канорагирӣ хоҳад кард.

Мустафо Ал Козимӣ, нахуствазири Ироқ шомгоҳи сешанбе таҳдид кард, агар ҳарҷу марҷ ва низову даргирӣ идома ёбад, аз нахуствазирӣ канорагирӣ хоҳам кард ва масъӯлияти онро мутаваҷҷеҳи касоне, ки эҷоди ҳарҷу марҷ ва ошӯб мекунанд, медонам.

Дар ҳамин ҳол, Барҳам Солеҳ, раисиҷумҳури Ироқ сешанбешаб дар суханронии телевизионӣ хостори баргузории интихоботи зӯдҳангоми порлумонӣ шуд.

Солеҳ изофа кард, интихоботи зӯдҳангом бар асоси тафоҳуми миллӣ метавонад ба ҷои даргириҳои сиёсӣ ва бархӯрдҳо, роҳи ҳалле барои буҳрони шадид бошад ва роҳи хурӯҷ аз буҳронро боз ва суботи сиёсӣ ва иҷтимоиро тазмин ва хостаҳои ироқиҳоро муҳаққақ кунад.