Декабр 04, 2016 18:48 Asia/Dushanbe
  • Миср туннели марзии Ғаззаро пур аз об кард

Давлати Миср яке аз туннелҳои тиҷорӣ дар марзи борикаи Ғаззаро пур аз об кард, ки дар натиҷаи он ду коргари фаластинӣ ғарқ ва ду коргари дигар ҳам нопадид шуданд.

Ба гузориши “Франс пресс”, тимҳои имдодрасонии Фаластин рӯзи якшанбе пайкари Алии Бадавӣ ва Муҳаммади Бадавӣ, ду коргаре, ки дар ин туннел машғул ба кор буданд, пайдо кардаанду талошҳо барои ёфтани ду коргари дигар идома дорад.

Нерӯҳои имдодрасони фаластинӣ дар шароити феълӣ, ки Миср туннелҳои марзиро пур аз об кардаву саросари туннелро об фаро гирифтааст, бо сахтиву  душвории зиёде барои ёфтани ин ду коргари нопадидшуда мувоҷеҳ ҳастанд.

Гурӯҳи имдоди фаластинии “Аддифоъ Алмаданӣ” низ бомдоди рӯзи якшанбе пайкари чаҳор фаластинӣ, ки 9 рӯзи пеш нопадид шуда буданд, дар як туннел дар ҷануби Рафаҳ, марзи борикаи Ғаззаву Миср пайдо кард.

Режими саҳюнистӣ аз соли 2006 пас аз пирӯзии Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС ) дар интихоботи порлумонӣ, борикаи Ғаззаро таҳти муҳосираи худ даровардааст ва аз вуруди сухт, дору ва масолеҳи сохтмонӣ ба ин минтақа ҷилавгирӣ мекунад.

Сокинони таҳти муҳосираи борикаи Ғазза аз туннелҳое, ки дар манотиқи марзӣ чоҳ кандаанд, барои интиқоли коло ва маводи ғизоӣ истифода мекунанд, аммо давлати Миср ҳар аз гоҳе ин туннелҳоро тахриб ё бо об пур мекунад ва ҳамин масъала муҷиби ташдиди ранҷу гирифториҳои сокинони ин минтақа шудааст.

 

Барчасп