Тафсир : Зарфиятҳои фарҳангӣ ва динии пиёдаравии арбаъини ҳусайнӣ
(last modified Sun, 04 Sep 2022 12:40:59 GMT )
Сентябр 04, 2022 17:40 Asia/Dushanbe
  • Тафсир : Зарфиятҳои фарҳангӣ ва динии пиёдаравии арбаъини ҳусайнӣ

Маросими пиёдаравии арбаъини ҳусайнӣ беш аз ҳама баёнгари зарфиятҳои фарҳангии ин маросим ва баҳрагирӣ аз унсури мазҳаб барои наздикии миллатҳову давлатҳои исломӣ аст .

Имрӯз пиёдаравии арбаъин ба рухдоди ҷаҳонӣ ва гирдиҳамоии беназир дар ҷаҳон табдил шудааст. Рӯзномаи амрикоии Ҳофингтон пост дар бораи бузургӣ ва азамати ин маросим навишт : « Фақироне ки таом медиҳанд, маълулине ки даҳҳо километр роҳпаймоӣ мекунанд, ҳудуди 700 миллион бастаи ғизоӣ, ки тавассути мардуми оддӣ ва асосан фақире, ки тамоми сол пасандоз мекунанд то ба зоирони Абоабдиллоҳил-Ҳусайн ( ъ )-набераи Паёмбари акрам таъом диҳанд . » илова бар ин шохисаҳое монанди тавозуъ, фурӯтанӣ, саховат, исору гузашт, меҳрбонӣ, иззатмадорӣ ва ғайра дар миёни зоирону мавкибдорон ва мардуми Ироқ дар айёми арбаъин барҷаста аст .
Яке аз зарфиятҳои муҳими пиёдаравии арбаъин  нишон додани « ваҳдат дар айни танаввуъ » аст .

Арбаъини ҳусайнӣ хайли азиме аз инсон­ҳои мухталиф аз фарҳнг­ҳои мутафовит бо дин, забон, рангу нажоди гуногунро бо ҷозибаи мағнотисӣ ба ­самти худ мекашонад . Мусулмонони муътақид ба роҳи Имом Ҳусайн ( ъ ) ва наҳзати ишон вориди пиёдаравии арбаъин ме­шаванд ва боби гуфтугӯро бо ҷаҳонён боз мекунанд ,чаро ки арбаъин ба маҳалле барои гуфтугуе табдил шудааст, ки меҳвари он паёми Имом Ҳусайн ( ъ ) аст, ки барои адолататхоҳӣ ва истиқрори сулҳу оромиш шаҳид шуд . Дар ин гирдиҳамоӣ афрод бо збон­ҳову гароишоти мухталиф бо ҳам роҳ мераванд, дар сурате ки ҳеҷ шинохте аз ҳам надоранд . Ҳарчанд арбаъин мушаххасан як маросими шиъӣ аст, аммо сунни­ҳо ва ҳатто масеҳён, изади­ҳо, зартуштиҳо ва дигар ақвом низ ҳам ба унвони зоир ва ҳам ба унвони ходими зоирон дар ин маросим ширкат мекунанд . Дар ҳоле ки ҷамъияти аслии зоирини арбаъини ҳусайнӣ аз кишвари Ироқ ме­бошад, мақомоти Ироқ ҳузури зоирин аз 80 кишвари ҷаҳон дар ин маросими азимро таъйид намудаанд.
Мардум фориғ аз рангу нажод Ҳусайн бин Алӣ ( ъ )ро намоди фарогир, беҳадду марз ва фаромазҳабӣ аз озодӣ ва исор медонанд . Бинобарин арбаъин як ойини фародинӣ, фаромазҳабӣ ва фаромилиятӣ мебошад, ки марзҳои ҳувиятиро пушти сар гузоштаасту маҷмӯъае аз иштирокоти эътиқодӣ ва фарҳангиро дар як қолаби ҳамгин ба арсаи зуҳур гузошта аст.