Сентябр 07, 2022 10:26 Asia/Dushanbe
  • Сурия чанд мӯшаки режими саҳюнистиро дафъ кард

Манобеи расмии Сурия аз раҳгирӣ ва инҳидоми чанд мӯшаки режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба фурудгоҳи Ҳалаби Сурия хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия «Соно», дар ин ҳамла чанд мӯшаки режими саҳюнистӣ, ки ба самти фурудгоҳи Ҳалаб шиллик шуданд, раҳгирӣ ва сарнагӯн шуд.

Вазорати ҳамлу нақли Сурия дар ин бора эълом кард, ба иллати ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба фурудгоҳи Ҳалаб, ин фурудгоҳ аз хадамотрасонӣ хориҷ шуда ва тамомии парвозҳои Ҳалаб ба фурудгоҳи Димишқ мунтақил шудааст.

Ин дуюмин ҳамлаи режими саҳюнистӣ дар як ҳафтаи гузаштааст, ин режим 9 шаҳривар низ фурудгоҳи Ҳалабро ба ҳамроҳи фурудгоҳи Димишқ ҳадафи чандин мӯшак қарор дод, ки ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ падофанди ҳавоии артиши Сурия чаҳор мӯшаки исроилӣ дар атрофи ҷанубии Димишқ муқобила ва онҳоро сарнагӯн кард.

Таҷовузҳои ҳавои режими саҳюнистӣ дар ҳоле аст, ки давлати Сурия борҳо бо ирсоли нома ба Созмони Милали Муттаҳид ин ҳамалотро маҳкӯм ва хостори таваққуфи он шудааст.

 

Барчасп