Фаластиниён як бурҷаки артиши режими саҳюнистиро ба оташ кашиданд
(last modified Sat, 10 Sep 2022 16:16:06 GMT )
Сентябр 10, 2022 21:16 Asia/Dushanbe
  • Фаластиниён як бурҷаки артиши режими саҳюнистиро ба оташ кашиданд

Ҷавонони фаластинӣ як бурҷи хурди артиши режими саҳюнистиро дар минтақаи Алхалил оташ заданд.

Ба гузориши вебгоҳи фаластинии “Дунё Алватан”, ҷавонони фаластинӣ имрӯз - шанбе як бурҷаки артиши режими саҳюнистӣ дар минтақаи Алхалил, воқеъ дар ҷануби Каронаи бохтарии рӯди Урдунро ба оташ кашиданд.

Бар асоси ин гузориш, ҷавонони фаластинӣ бо истифода аз “коктейли Молотов” ин бурҷаки артиши режими саҳюнистиро ба оташ кашиданд, ки дар пайи ин иқдоми фаластиниён дастикам 7 низомии саҳюнист маҷруҳ шуданд.

Дар ин гузориш омадааст, ҳанӯз ҷузъиёти дақиқе дар бораи сатҳи ҷароҳати низомиёни саҳюнист мунташир нашудааст.

Бархе манобеи фаластинӣ ишора карданд, ки низомиёни саҳюнист бар асари оташсӯзии ин бурҷак дучори хафагӣ шудаанд.

Иқдомоти ҷавонони фаластинӣ алайҳи низомиёни саҳюнист дар манотиқи мухталифе аз Каронаи бохтарӣ тайи моҳҳои гузашта афзоиш ёфтааст.

Пештар ҳам гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ дар вокуниш ба ҷиноёти ахири режими саҳюнистӣ дар Карона бохтарии рӯди Урдун эълом карданд, “муқовимати фарогир” танҳо гузинаи боздоранда дар баробари душмани саҳюнистӣ аст.