Сентябр 11, 2022 21:13 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати ҷавони фаластинӣ дар Каронаи Бохтарии руди Урдун
    Шаҳодати ҷавони фаластинӣ дар Каронаи Бохтарии руди Урдун

Ҷавони фаластнӣ  дар натиҷаи шиддати ҷароҳатҳои ворида дар ҳамлаи ахири низомиёни режими саҳюнистӣ дар Каронаи Бохтарии руди Урдун ба шаҳодат расид.

Дар ҳафтаи ахир ҳамалоти низомиёни саҳюнист зидди фаластиниён шиддат гирифта аст ва саҳюнистҳо дар бисёри аз маворид бо шилики мустақими гулула фаластиниёнро ҳадаф қарор медиҳанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Фаластин Алявм, Мустафо Абуҷелда ҷавони фаластинӣ аз сокинони урдугоҳи Ҷанин буд, ки дар натиҷаи шиддати ҷароҳатҳои ноши аз юриши низомиёни режими саҳюнистӣ ба шаҳри Ҷанин, ки чанд рӯз пеш сурат гирифт ба шаҳодат расид.

Низомиёни режими саҳюнистӣ ҳафтаи гузашта ба шаҳристони Ҷанин дар Каронаи Бохтари ҳамла карда буданд.

Дар он замон низ як фаластинӣ ба номи Мусо Муҳаммад Сабоъна ҷавони 29 солаи фаластинӣ ба зарби гулулаи нерӯҳои саҳюнистӣ ба шаҳодат расид.

Дар ин ҳамла 16 фаластинии дигар низ дар ҳамалоти нерӯҳои саҳюнистӣ заъми шуданд.

 

Барчасп