Сентябр 14, 2022 09:10 Asia/Dushanbe
  • Артиши Сурия аз убури корвони низомии Амрико ҷилавгирӣ кард

Неруҳои артиши Сурия дар яке аз истҳои бозрасии устони Ҳасака аз убӯри корвони низомии Амрико ҷилавгирӣ карданд.

Корвони амрикоии мазкӯр шомили чаҳор худрави зиреҳӣ ва як мошини боркаши кучак буд, ки қасди вуруд ба минтақаи Мунсифро дошт ва неруҳои артиши Сурия иҷозаи убӯр ба ин корвонро надоданд.

Рӯзи шанбе низ, манобеи маҳаллӣ эълом карданд, корвоне муташаккил аз 100 худрав ҳомили таҷҳизот ва худруҳои низомии ишғолгарони амрикоӣ аз тариқи гузаргоҳи ғайриқонӯнии Алвалид аз хоки Сурия хориҷ шуд.

Бо шикасти гуруҳи террористии ДИИШ дар Сурия дар авохири обони моҳи соли 1396 ва пеш аз он дар Ироқ тавассути артишҳои ин ду кишвар ва неруҳои муқовимати исломӣ, Амрико, ки бозуи худро дар Сурия ва Ироқ аз даст дода буд, иқдом ба тақвияти низомиёни худ бидуни иҷоза ва мувофиқати давлати Димишқ дар Сурия кард. Аз ҳамон замон нируҳои амрикоӣ бо вуруди ғайри қонӯнӣ ба Сурия иқдом ба сирқату фурӯши нафти ин кишвар кардаанд, ки токунӯн низ идома дорад .

Вазорати хориҷаи Сурия эълом кардааст, иқдомоти низомиёни амрикоӣ дар ғорату тиҷорати ғайриқонӯнии манобеи нафту гази Сурия бо ҳамроҳии гуруҳҳои террористии мусаллаҳи таҷзияталаби таҳти ҳимояти Вашингтон, дар бахши истихроҷ, таъмин, тавзиъ ва сармоягузории нафт, газ ва манобеи зеризаминии ин кишвар, 107.1  миллиард доллар хисорат ба Сурия ворид кардааст.