Теъдоди зоирони Арбаъин аз марзи 24 миллион нафар гузашт
-
Теъдоди зоирони Арбаъин аз марзи 24 миллион нафар гузашт
Манобеъи ироқӣ теъдоди зоирони имсоли Арбаъини ҳусайнӣ дар Карбалои муъаллоро беш аз 24 миллион нафар эълом карданд.
20 сафари 1444 ҳиҷри қамарӣ баробар бо 19 октябри соли 2022 Арбаъини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн(а) набераи Паёмбар Акрам(с) ва ёрони бовафояш дар саҳрои Карбало аст.
Миллионҳо зоир аз Ироқ ва дигар кишварҳо имрӯз шанбе маросими эҳёи Арбаъини ҳусайниро дар сояи тадобири амниятии шадид дар устонҳои Карбало баргузор карданд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо телевизиони Алғадир бо ишора ба ҳузри анбуҳи аз дилдодагони ҳусайнӣ дар Карбалои муъалло зиёрати имсолро бузургтарин зиёрат дар солҳои ахир тавсиф кард.
Бар асоси гузориши ситоди расонаӣ дар Карбало омори мавҷуд нишон медиҳад, ки теъдоди зоирон болиғ бар 24 миллион нафар бошад, ки дар Байнулҳарамайн буданд.