Вурӯди таҷҳизоти низомии ҷадиди артиши Амрико ба Сурия
(last modified Sun, 18 Sep 2022 07:36:20 GMT )
Сентябр 18, 2022 12:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳамзамон худравҳои зареҳии артиши Амрико низ ин корвонро ҳамроҳи мекарданд
    Ҳамзамон худравҳои зареҳии артиши Амрико низ ин корвонро ҳамроҳи мекарданд

Ду корвони ариши Амрико дар 24 соати гузашта беш аз 100 маҳмулаи таслиҳотӣ ва леҷестикӣ аз Ироқ вориди Сурия кард.

Ба гузориши  Садои Хуросон ба навиштаи вебгоҳи Ал-Маълума, як корвони муташакил аз 50 комиюн ҳомили битонҳои  симонӣ ва деворҳои пеш сохта, утоқҳои нигаҳбонӣ ва худравҳои низомии "Панзер" бо убур аз гузаргоҳи ғайри  қонуни Ал-Валид вориди Сурия шудааст.

Ин корвон ибтидо ба самти шаҳри Алҳасака ҳаракат карда ва аз онҷо роҳии пойгоҳи Амрико дар  наздики майдони нафтии  Ал-Умар дар ҷанубӣ Ал-Ҳасака шудааст. Ҳамзамон худравҳои зареҳии артиши Амрико низ ин корвонро ҳамроҳи мекарданд.

Дуввумин корвон низ бо 50 комиюн ҳомили таҷҳизоти низомӣ ва худравҳои зареҳи бо убур аз марзи Ироқ, вориди пойгоҳи Тел Бейдар дар шимолӣ шаҳри Ал-Ҳасака шудааст..

Ин корвон пур аз маводи леҷестикӣ, силлоҳ, худравҳои Ҳомер ва деворҳои пешсохтаи битони буд, ки вориди ин пойгоҳ шуд.

Пойгоҳе, ки чанде пеш Амрико аз онҷо иқдом ба парвоз даровардани балонҳои ҷосусӣ кард ва ба далели наздики бо бузургроҳи M-4 аз аҳамияти болое бархурдор аст.