Сентябр 21, 2022 13:50 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани полиси саҳюнист дар даргирӣ бо фаластиниҳо дар Қудси ишғолӣ

Як низомии саҳюнист дар даргирӣ бо муборизони фаластинӣ дар Қудси ишғолӣ, захмӣ шуд.

Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, манобеи ибризабон эълом карданд, дар даргирӣ миёни низомиёни саҳюнист ва фаластиниён дар шаҳраки Исовия дар Қудси ишғолӣ, яке аз неруҳои полиси режими саҳюнистӣ бзахмӣ шуд.
Ин нахустин бор нест, ки як низомии саҳюнистӣ дар даргирӣ бо неруҳои муқовимати фаластинӣ захмӣ мешавад, аммо захмӣ шудани низомиёни саҳюнист дар шаҳраки Исовия агар бесобиқа набошад, аммо руйдоде кам собиқа аст.
Иттилооти зиёде аз вахомати авзоъи ин низомии саҳюнистӣ мунташир нашуда ва расонаҳо ва мақомоти режими саҳюнистӣ ба таври маъмул аз интишори хабарҳои муртабит бо осебдидагии низомиёни худ ба шиддат парҳез карда ва ба таври умда ин гӯна хабарҳо аз сӯи режими саҳюнистӣ кантрол мешавад.

Барчасп